Намунаи пешниҳодот
ПЕШНИҲОДИ 1
Савол: Ба фикри шумо, ин маслиҳат дар вақти ҳал кардани душвориҳо ба зану шавҳар ёрдам карда метавонад?
Оят: Яқ 1:19
Шарҳ: Дар ин ҷо гуфта мешавад, ки зану шавҳар бояд ба якдигар чӣ гуна муносибат кунанд. [Аз брошураи «Хабарҳои нағз», дарси 9, сархати 3-ро нишон диҳед.]
ПЕШНИҲОДИ 2
Сарсухан: Мо мехоҳем, ки маълумоти даркорӣ ба забони мо дастрас бошад. Худо ҳам як хабари муҳимро қариб ба ҳама забонҳо дастрас кардааст.
Оят: Мт 24:14
Савол: Ба фикри шумо, кадом маълумоти муҳим бояд ба ҳамаи одамон расонда шавад?
РИСОЛАҲО
Савол: Ба фикри шумо, ин ҷаҳон дар дасти кист: Худо, одамон ё ягон каси дигар?
Оят: 1 Юҳ 5:19
Шарҳ: Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҷаҳон дар дасти Шайтон аст. Ман мехостам нишон диҳам, ки ҳаёт бе таъсири Шайтон чӣ хел мешавад. [Метавонед Зб 36:10, 11-ро хонед.]
ПЕШНИҲОДИ ХУДРО ТАЙЁР КУНЕД
Аз тарзи намунаҳои пешниҳодот истифода бурда пешниҳоди худро тайёр кунед.