Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Волидон, ба фарзандонатон кӯмак кунед, ки чизи беҳтаринро интихоб кунанд

Волидон, ба фарзандонатон кӯмак кунед, ки чизи беҳтаринро интихоб кунанд

Орзуи падару модари худотарс ин аст, ки фарзандонашон хизматгори вафодори Яҳува шаванд. Бо ин умед онҳо кӯшиш мекунанд, ки таълимоти Китоби Муқаддасро дар дили кӯдаконашон аз хурдӣ ҷойгир кунанд (ТкШ 6:7; Мс 22:6). Оё ин кор осон аст? Не, лекин ин кӯшишу ҷонканиҳо хурсандии бисёр меоранд (3Юҳ 4).

Падару модарон аз намунаи Юсуфу Марям бисёр чизро ёд гирифта метавонанд. Ин волидон қуввату маблағи зиёд сарф карда, «ҳар сол барои ҷашн гирифтани Иди раҳоӣ ба Ерусалим мерафтанд» (Лқ 2:41). Барои онҳо аз ҳама муҳим он буд, ки аҳли оилаашон бо Яҳува муносибатҳои наздик дошта бошанд. Имрӯзҳо ҳам падару модарон ҳар як имкониятро истифода бурда, бо гуфтору рафтори худ фарзандонашонро таълим дода метавонанд, то онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ равона кунанд (Зб 126:3–5).

ВИДЕОНАВОРИ «ОНҲО ҲАР ЯК ИМКОНИЯТРО ИСТИФОДА БУРДАНД»-РО ТАМОШО КАРДА, БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр Ҷон ва Шерон Шиллерҳо, ҳатто вақте ки кӯдаконашонро ба воя мерасонданд, хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал гузоштанд?

  • Барои чӣ волидон ҳангоми таълиму тарбия бояд чӣ гуна будани ҳар як фарзандро ба назар гиранд?

  • Чӣ тавр падару модар фарзандони худро ба озмоишҳо тайёр карда метавонанд?

  • Шумо, барои он ки фарзандатон бо Яҳува дӯст шавад, аз кадом маводҳои ташкилотамон истифода мебаред?

Бигзор хизмат ба Яҳува дар оилаи шумо аз ҳама муҳим бошад