Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Аз пайи Масеҳ равона шавед

Аз пайи Масеҳ равона шавед

Исо ба мо намунаи ибрат гузошт, то ки ҳамеша, хусусан дар вақти таъқиботу озмоиш, ба ӯ пайравӣ кунем (1Пт 2:21–23). Гарчанд Исоро паст мезаданд, ӯ ҳеҷ гоҳ, ҳатто вақте ки азоб мекашид, бо бадӣ ҷавоб намедод (Мқ 15:29–32). Чӣ ба Исо сабру тоқат мебахшид? Ӯ хоҳиши зиёд дошт, ки хости Яҳуваро ба ҷо орад (Юҳ 6:38). Ҳамчунин ӯ диққаташро ба «хурсандие, ки дар пеш буд», равона мекард (Ибр 12:2).

Вақте ки ба мо аз сабаби ба Яҳува содиқ буданамон муомилаи бад мекунанд, дар ҷавоб чӣ хел рафтор мекунем? Масеҳиёни ҳақиқӣ «дар ивази бадӣ бадӣ» намекунанд (Рм 12:14, 17). Барои ҳамин, вақте ки мо дар озмоишҳо чун Масеҳ рафтор мекунем, розигии Худоро ба даст меорем ва аз ин хеле хурсанд мешавем (Мт 5:10–12; 1Пт 4:12–14).

ВИДЕОНАВОРИ «НОМИ ЯҲУВА АЗ ҲАМА МУҲИМТАР АСТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Хоҳар Пётсингер ҳангоми дар ҳабс танҳо нишастанаш вақти худро чӣ тавр истифода мебурд?

  • Хоҳар ва бародар Пётсингер дар лагерҳои фашистӣ бо чӣ гуна азобу уқубат дучор шуданд?

  • Чӣ ба онҳо кӯмак кард, ки ба азобҳо тоб оранд?

Дар вақти таъқиботу озмоиш аз пайи Масеҳ равона шавед