БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Омӯзиши шахсиатонро беҳтар кунед
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Омӯзиши Каломи Худо ба мо ёрдам мекунад, ки «васеӣ, дарозӣ, баландӣ ва чуқурӣ»-и ҳақиқатро фаҳмем (Эф 3:18). Ин ҳамчунин ба мо кӯмак мерасонад, ки дар ин ҷаҳони Шайтон беайб ва пок монда «ба каломи ҳаётбахш» часпем (Фп 2:15, 16). Дар омӯзиши шахсӣ мо маводеро омӯхта метавонем, ки шахсан бароямон муҳим аст. Чӣ тавр аз хониш ва омӯзиши Каломи Худо манфиати бештар гирифтан мумкин аст?
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
-
Оятҳоро қайд кунед ва дар Китоби Муқаддаси шахсиатон, хоҳ дар намудӣ электронӣ бошад, хоҳ чопӣ, нависед, ки кадом фикр ба шумо маъқул шуд
-
Дар вақти хондани Китоби Муқаддас ба худ саволҳои зеринро диҳед: «Кӣ? Чӣ? Кай? Дар куҷо? Чаро? Чӣ тавр?»
-
Далел ҷамъ кунед. Аз маводи дастрас истифода бурда ягон мавзӯъ ё ояти Китоби Муқаддасро тадқиқ намоед
-
Дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза ронед, то фаҳмед, ки чӣ тавр ин маълумотро истифода бурдан мумкин аст
-
Чизҳои фаҳмидаатонро ба кор баред (Лқ 6:47, 48)
ВИДЕОНАВОРИ «БА ВОСИТАИ ОМӮЗИШИ ШАХСӢ “БА КАЛОМИ ҲАЁТБАХШ БИЧАСПЕД”»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Бародарону хоҳарон дар бораи омӯзиши шахсӣ чӣ мегӯянд?
-
Чаро мо бояд пеш аз ҳар як омӯзиш дуо гӯем?
-
Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ягон порчаи Китоби Муқаддасро беҳтар фаҳмем?
-
Ҳангоми омӯзиши Калом кадом қайдҳоро мондан мумкин аст?
-
Чаро оиди чизҳои хондаамон мулоҳиза рондан муҳим аст?
-
Бо чизҳои фаҳмидаамон мо бояд чӣ кор кунем?