Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Яҳува чӣ фикр дорад?

Яҳува чӣ фикр дорад?

Пеш аз қабул кардани қарорҳои хурд ё калон оё мо аз худ мепурсем, ки Яҳува дар ин бора чӣ фикр дорад? Албатта, мо ҳеҷ гоҳ тарзи фикрронии Яҳуваро пурра фаҳмида наметавонем, лекин Ӯ дар Каломаш маълумоти лозимаеро додааст, ки моро ба «ҳар кори нек» тайёр мекунад (2Тм 3:16, 17; Рм 11:33, 34). Исо хости Яҳуваро ба пуррагӣ дарк мекард ва иҷрои онро дар ҳаёташ дар ҷойи якум мемонд (Юҳ 4:34). Биёед мо низ мисли Исо ҳамеша қарорҳое қабул кунем, ки ба Яҳува писанд бошанд (Юҳ 8:28, 29; Эф 5:15–17).

ВИДЕОНАВОРИ «ДАРК КУНЕД, КИ ХОСТИ ЯҲУВА ЧИСТ (ИБД. 19:18-РО МОНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро мо бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаётамон ба кор барем?

  • Дар интихоби суруду мусиқӣ мо бояд кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро ба назар гирем?

  • Дар интихоби сару либос мо бояд кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро ба назар гирем?

  • Боз дар кадом ҷонибҳои ҳаёт мо бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор барем?

  • Чӣ тавр мо қобилияти дарк кардани хости Яҳуваро беҳтар карда метавонем?

Қарорҳои ман оиди муносибатам бо Яҳува чиро ошкор мекунад?