Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Шумо аз масеҳиёни ботаҷриба чӣ омӯхта метавонед?

Шумо аз масеҳиёни ботаҷриба чӣ омӯхта метавонед?

Дар ҷамъомадҳои мо бародарону хоҳароне ҳастанд, ки солҳои зиёд ба Яҳува содиқона хизмат мекунанд. Мо аз онҳо бисёр чизро омӯхта метавонем. Масалан, чӣ тавр ба Яҳува пурра такя кардан мумкин аст. Ҳамчунин онҳо нақл карда метавонанд, ки дар ҳаёт бо чӣ хел душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд ва чӣ тавр бо ёрдами Яҳува онҳоро паси сар карданд. Мо метавонем яке аз чунин ходимони содиқро ба ибодати оилавиамон таклиф намуда, хоҳиш кунем, ки дар бораи таҷрибаи худ ва таърихи ташкилоти Яҳува ба мо нақл кунанд.

Агар шумо низ солҳои зиёд дар хизмати Яҳува бошед, пас, ба бародарону хоҳарони ҷавон нақл кунед, ки бо кадом роҳҳо Ӯ ба шумо кӯмак карда буд. Яъқуб ва Юсуф ба насли ҷавони худ нақл мекарданд, ки Яҳува барои онҳо чӣ кор кард (Ҳс 48:21, 22; 50:24, 25). Баъдтар Яҳува ба сардорони оила амр дод, ки ба фарзандонашон дар бораи корҳои бузурги Ӯ нақл кунанд (ТкШ 4:9, 10; Зб 77:4–7). Имрӯз волидон ва дигар масеҳиён ба насли ҷавон дар бораи корҳои аҷоибе, ки Яҳува ба воситаи ташкилоташ карда буду онҳо шоҳидаш буданд, нақл карда метавонанд.

ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ВАЗЪИЯТҲОИ ДУШВОР ЯГОНАГИРО НИГОҲ МЕДОРЕМ»-РО МОНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр филиали Австрия ба воизони баъзе минтақаҳое, ки фаъолиятамон манъ буд, кӯмак кард?

  • Чӣ тавр бародару хоҳарон дар чунин давлатҳо имонашонро қавӣ нигоҳ доштанд?

  • Чаро дар Руминия бисёр воизон аз ташкилоти Яҳува дур шуданд ва чӣ тавр баргаштанд?

  • Чӣ тавр ин видеонавор имони шуморо қавӣ гардонд?

Бо масеҳиёни ботаҷриба муошират карда рӯҳан бой гардед!