Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАРҚӮС 9, 10

Рӯъёе, ки имонро қавӣ мегардонад

Рӯъёе, ки имонро қавӣ мегардонад

9:1–7

Тасаввур кунед, вақте Исо шунид, ки Падари осмониаш дар рӯъё «Ман аз ӯ розиам» гуфт, ӯ худро чӣ хел ҳис кард. Ин, бешубҳа, Исоро барои аз сар гузаронидани душвориҳои дар пешбуда қавӣ гардонд. Ин рӯъё ҳамчунин ба Петрус, Яъқуб ва Юҳанно сахт таъсир кард. Ба воситаи ин рӯъё онҳо пурра боварӣ ҳосил карданд, ки Исо Масеҳ аст ва ба суханони ӯ гӯш додан дуруст аст. Ҳатто тақрибан баъди 32 сол Петрус ба хотир овард, ки чӣ тавр ин рӯъё имони ӯро ба «суханони пешгӯйишуда» қавӣ гардонд (2Пт 1:16–19).

Ҳарчанд мо шахсан ин рӯъёро надидаем, оиди иҷрошавии он шаҳодат медиҳем. Имрӯз Исо чун Шоҳи пурқудрат ҳукмронӣ карда истодааст. Ба наздикӣ ӯ пурра ғолиб меояд ва ба дунёи наве, ки дар он адолат пойдор аст, роҳ мекушояд (Вҳ 6:2).

Чӣ тавр имони шумо аз дидани иҷрошавии пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас қавӣ мегардад?