Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ба худатон бо чашми Яҳува нигаред

Ба худатон бо чашми Яҳува нигаред

«Яҳува аз халқи худ хушнуд аст» (Зб 149:4). Ҳарчанд мо нокомилем, Яҳува ба хислатҳои нек ва ба корҳое, ки дар оянда карда метавонем, нигоҳ мекунад. Лекин баъзан ба мо душвор мешавад, ки ба худамон бо чашми Яҳува нигарем. Масалан, аз сабаби муносибати дигарон мо, шояд, худро ночизу нодаркор ҳис кунем. Ё хатоҳои пешинаамонро ба ёд оварда фикр кунем, ки Яҳува моро дӯст намедорад. Чӣ ба мо ёрдам карда метавонад, ки бо чунин ҳиссиёт мубориза барем?

Мо бояд доимо ба худ ёдрас кунем, ки Яҳува мисли одамизод нигоҳ намекунад (1Пш 16:7). Ин маънои онро дорад, ки ӯ дар мо чизҳои хуберо мебинад, ки худамон намебинем. Ба туфайли Китоби Муқаддас мо фаҳмида метавонем, ки Яҳува ба мо чӣ гуна назар мекунад. Барои ин мо бояд дар бораи он оятҳои Китоби Муқаддас ва воқеаҳое мулоҳиза ронем, ки муҳаббати Яҳуваро ба ходимонаш нишон медиҳанд.

ВИДЕОНАВОРИ «ДИЛПУР БОШЕД, КИ ЯҲУВА АЗ ШУМО РОЗИСТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Мо аз мисоли падару писар дар бораи он ки Яҳува ба мо чӣ гуна назар мекунад, чӣ мефаҳмем?

  • Агар шахси гуноҳкарда муносибаташро бо Яҳува барқарор намуда истода бошад, чӣ тавр худро дилпур сохта метавонад, ки Худо ӯро дӯст медорад? (1Юҳ 3:19, 20).

  • Дар бораи мисоли Довуд ва Еҳушофот мулоҳиза рондан ба бародар чӣ манфиат овард?