Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Худро аз таъсири осиён муҳофизат кунед

Худро аз таъсири осиён муҳофизат кунед

Шайтон ва онҳое, ки зери таъсири ӯ мебошанд, бисёр вақт дурӯғро бо рост омехта карда имони моро суст карданӣ мешаванд (2Қр 11:3). Масалан, ошуриён барои рӯҳафтода кардани халқи Худо маълумоти нимросту нимдурӯғро истифода бурданд (2Вқ 32:10–15). Дар рӯзҳои мо осиён низ чунин мекунанд. Мо ба таълимоти осиён бояд чӣ хел муносибат кунем? Чун ба заҳр. Ҳеҷ вақт чизеро, ки осиён менависанд, нахонед, онро паҳн накунед ва ба онҳо ҷавоб надиҳед. Маълумотеро, ки дар дили мо нисбат ба Яҳува ва ташкилоташ шубҳа меандозад, зуд пай баред ва дарҳол онро рад кунед (Яҳ 3, 4).

ВИДЕОНАВОРИ «БАРОИ ИМОН “САХТ МУБОРИЗА БАРЕД” (ПОРЧА)»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро ҳангоми истифодаи сомонаҳои муоширатӣ мо бояд эҳтиёт шавем?

  • Чӣ тавр мо аз рӯйи маслиҳати Румиён 16:17 амал карда метавонем?