Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Оё шумо сабти овозии Китоби Муқаддасро гӯш мекунед?

Оё шумо сабти овозии Китоби Муқаддасро гӯш мекунед?

Сабти овозии Китоби Муқаддас. Сабти овозии «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» ба шумораи зиёди забонҳо дастрас шуда истодааст. Як афзалияти ин сабт дар он аст, ки қаҳрамонони Китоби Муқаддас бо садоҳои гуногун сабт шудаанд. Ба хотири аниқ расондани хабари Китоби Муқаддас суханон бо задаи мантиқии дуруст ва бо ҳиссиёт хонда шудаанд.

Чӣ хел мо аз сабти овозии Китоби Муқаддас баҳра бурда метавонем? Бисёре аз онҳое, ки доимо сабти овозии Китоби Муқаддасро гӯш мекунанд, мегӯянд, ки ин сабт гуфтаҳои Каломи Худоро барояшон зинда мегардонад. Ба онҳо маъқул аст, ки ба ҳар як қаҳрамони Китоби Муқаддас шахсони гуногун овоз додаанд, чунки ин барои беҳтар тасаввур кардани воқеаҳо ва фаҳмидани оятҳо кумак мерасонад (Пнм 4:5). Ғайр аз ин, бисёриҳо пай бурданд, ки вақте ин сабти овозиро гӯш мекунанд, ғаму ташвишашон дур мешавад (Зб 94:19).

Гӯш кардани сабти овозии Каломи Худо ба ҳаёти мо таъсири сахт расонда метавонад (2Вқ 34:19–21). Агар ба забоне, ки шумо мефаҳмед, сабти овозии Китоби Муқаддас қисман ё пурра дастрас бошад, оё онро ҳар рӯз гӯш карда метавонед?

ВИДЕОНАВОРИ «САБТИ ОВОЗИИ КИТОБИ МУҚАДДАС (ПОРЧА)»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

Дар тайёр кардани сабти овозии Китоби Муқаддас чӣ ба шумо бештар маъқул шуд?