Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Оё шумо ба бӯҳрони иқтисодӣ тайёред?

Оё шумо ба бӯҳрони иқтисодӣ тайёред?

Мо аз он ки дар саросари ҷаҳон бӯҳрони иқтисодӣ сар зада истодааст, ҳайрон намешавем. Чаро? Зеро мо дар анҷоми рӯзҳои охир зиндагӣ дорем. Ҳамчунин Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки «ба сарвати бевафо» умед набандем (1Тм 6:17; 2Тм 3:1). Чӣ тавр мисоли шоҳ Еҳушофот барои ба бӯҳрони иқтисодӣ тайёр шудан ба мо ёрдам карда метавонад?

Вақте халқҳои душман бар зидди Еҳушофот баромаданд, ӯ ба Яҳува такя кард (2Вқ 20:9–12). Ғайр аз ин, ӯ пешакӣ чора андешида дар шаҳрҳои ҳисордор сарбозонро гузошт (2Вқ 17:1, 2, 12, 13). Мо низ мисли Еҳушофот метавонем ба Яҳува такя кунем ва пешакӣ ба вақтҳои душвор тайёр шавем.

ВИДЕОНАВОРИ «ОЁ ШУМО БА ОФАТҲО ТАЙЁРЕД?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Барои ба офатҳо тайёр шудан шахсан шумо чӣ кор карда метавонед?

  • Чӣ тавр мо ба кумаки дигарон тайёр шуда метавонем?