Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дар оила муҳаббат зоҳир намоед

Дар оила муҳаббат зоҳир намоед

Муҳаббат мисли ширеше мебошад, ки оиларо мепайвандад. Бе муҳаббат дар оила нигоҳ доштани ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ душвор мегардад. Чӣ тавр шавҳарон, занон ва волидон дар оила муҳаббат нишон дода метавонанд?

Шавҳари меҳрубон талабот, нуқтаи назар ва ҳиссиёти занашро ба назар мегирад (Эф 5:28, 29). Ӯ оилаашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекунад ва кӯмак мерасонад, ки бо Яҳува муносибати наздик дошта бошад. Барои ин ӯ мунтазам ибодати оилавӣ мегузаронад (1Тм 5:8). Зани ғамхор ба шавҳараш итоат карда эҳтироми чуқур нишон медиҳад (Эф 5:22, 33; 1Пт 3:1–6). Ҳамсарон бояд якдигарро бо омодагӣ бахшанд (Эф 4:32). Волидони меҳрубон ба ҳар як фарзандашон диққат медиҳанд ва меҳри Яҳуваро дар дили онҳо ҷо мекунанд (ТкШ 6:6, 7; Эф 6:4). Чунин волидон фаҳмидан мехоҳанд, ки фарзандонашон дар мактаб бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва чӣ тавр онҳо ба фишори ҳамсолон мубориза мебаранд. Агар дар оила муҳаббати зиёд зоҳир карда шавад, ҳар як узви он худро дар бехатарӣ ҳис мекунад.

ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ОИЛА МУҲАББАТИ БЕПОЁН ЗОҲИР КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр шавҳари меҳрубон занашро қадр карда ба ӯ ғамхорӣ менамояд?

  • Чӣ тавр зани ғамхор нишон медиҳад, ки шавҳарашро аз таҳти дил ҳурмат мекунад?

  • Чӣ тавр волидони меҳрубон суханони Китоби Муқаддасро дар дили фарзандашон ҷо карда метавонанд?