БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Дар анҷоми «рӯзҳои охир» ба офатҳои табиӣ тайёр бошед
Азбаски мо дар анҷоми «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем, бо душвориҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки торафт зиёд шуда истодаанд (2Тм 3:1; nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 24:8). Вақте офатҳои табиӣ рӯй медиҳанд, ба халқи Яҳува дастуроти саривақтӣ ва наҷотбахш дода мешавад. Агар аз ҳозир итоаткор буда имонамонро мустаҳкам намоем ва чизҳои лозимаро тайёр кунем, он вақт наҷот хоҳем ёфт (Лқ 16:10).
-
Имонатонро мустаҳкам кунед. Мунтазам Китоби Муқаддас хонда омӯзиши шахсӣ гузаронед. Дар ҳар намуди хизмат иштирок кунед. Агар муваққатан аз дигар аъзои ҷамъомад ҷудо бошед, ба воҳима наафтед (Иш 30:15). Шумо ҳеҷ гоҳ танҳо нестед, чунки Яҳува ва Исо ҳамроҳатон мебошанд (od-U саҳ. 176, сарх. 15–17)
-
Чизҳои лозимаро тайёр кунед. Дар ҳар як хона, ғайр аз сумкае, ки барои вақтҳои тангӣ тайёр шудааст, бояд захираи хӯрокворӣ, об, доруворӣ ва чизҳои ба ин монанд бошанд. Ин чизҳо дар вақтҳои фавқулода ёрдам мекунанд (Мс 22:3; g17 № 5 саҳ. 4, 6).
ВИДЕОНАВОРИ «ОЁ ШУМО БА ОФАТҲОИ ТАБИӢ ТАЙЁРЕД?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чӣ тавр имонамонро мустаҳкам кунем, то ба офатҳои табиӣ тайёр бошем?
-
Чаро мо бояд...
-
бо пирон дар тамос бошем?
-
сумкаи лозимаро тайёр кунем?
-
пешакӣ фикр кунем, ки кадом офати табиӣ сар зада метавонад ва дар ҳар як вазъият чӣ бояд кард?
-
-
Бо кадом се роҳ мо ба осебдидагон ёрдам дода метавонем?
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Ман аз сар задани вабои КОВИД-19 оиди тайёр шудан ба офатҳо чӣ меомӯзам?»