Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД

Бо шавқу завқ таълим диҳед

Бо шавқу завқ таълим диҳед

Бо шавқу завқ гап задан ба дигарон таъсир мерасонад. Он метавонад диққати шунавандагонамонро ба суханоне, ки мегӯем, ҷалб кунад. Ҳамчунин он пурарзиш будани хабари моро нишон медиҳад. Нигоҳ накарда ба маданият ва чӣ гуна шахс буданамон мо бо шавқу завқ гап заданро ёд гирифта метавонем (Рм 12:11). Чӣ тавр?

Якум, дар бораи муҳим будани хушхабар фикр кунед. Охир, шумо ба одамон «хабари хушро» мерасонед (Рм 10:15). Дуюм, фикр кунед, ки чӣ тавр хушхабар ҳаёти дигаронро беҳтар месозад. Онҳо дар ҳақиқат ба хушхабар мӯҳтоҷанд (Рм 10:13, 14). Сеюм, бо шавқу завқ гап занед. Кӯшиш кунед, ки имову ишораатон табиӣ бошад ва аз қиёфаатон самимӣ будани шумо маълум гардад.

ВИДЕОНАВОРИ «МАҲОРАТИ ХУДРО БЕҲТАР ГАРДОНДА, АЗ ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН ХУРСАНДӢ ГИРЕД. БО ШАВҚУ ЗАВҚ ТАЪЛИМ ДИҲЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро Нита шавқу завқашро гум кард?

  • Чӣ ба Нита ёрдам дод, ки аз нав бо шавқ омӯзиш гузаронад?

  • Шавқу завқи мо бетаъсир намемонад

    Чаро мо бояд диққатро ба хислатҳои хуби шунавандагонамон равона созем?

  • Чӣ тавр шавқу завқи мо ба омӯзандаҳоямон ва дигарон таъсир карда метавонад?