Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҷилави хоҳишҳоятонро кашед

Ҷилави хоҳишҳоятонро кашед

Ба мо, одамони нокомил, идора кардани хоҳишҳоямон осон нест. Агар ҷилави хоҳишҳоямонро сар диҳем, аз розигии Яҳува маҳрум шуда метавонем. Масалан, баъзеҳо гузоштанд, ки муҳаббат ба хӯроку пӯшок ва хонаю дар, муҳаббати Худоро дар дилашон пахш кунад. Шахсони дигар бар зидди меъёрҳои Худо амал карда хоҳишҳои шаҳвонии худро қонеъ карданд (Рм 1:26, 27). Баъзеҳо бошанд, ба таъсири дигарон дода шуда, ба корҳои нодуруст даст заданд, зеро ба онҳо писанд омадан мехостанд (2Мс 23:2).

Чӣ тавр мо ҷилави хоҳишҳоямонро кашида метавонем? Барои ин мо бояд бо тамоми қувват кӯшиш намоем, то диққатамонро ба корҳое равона кунем, ки ба Яҳува маъқуланд (Мт 4:4). Инчунин мо аз Яҳува илтиҷо карда метавонем, ки барои идора кардани хоҳишҳоямон ба мо кумак расонад. Охир, ӯ беҳтар медонад, ки бароямон чӣ даркор аст ва чӣ тавр хоҳишҳои дурустамонро қонеъ гардонад (Зб 145:16).

ВИДЕОНАВОРИ «ҲАЁТАТРО БО СИГОРКАШӢ БАРБОД НАДЕҲ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро баъзеҳо сигор мекашанд?

  • Сигоркашӣ ба саломатият чӣ гуна таъсир мерасонад?

  • Чаро тамокукашӣ нодуруст аст? (2Қр 7:1).

  • Ту бар хоҳиши сигоркашӣ ғолиб омада метавонӣ!

    Чӣ тавр ту метавонӣ сигоркаширо рад кунӣ ё ин одатро партоӣ?