БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
«Муҳаббат... аз бадӣ хурсанд намешавад»
Масеҳиён дар ҳама соҳаҳои ҳаёташон мекӯшанд, ки аз рӯйи муҳаббат рафтор кунанд. Муҳаббат «аз бадӣ хурсанд намешавад» (1Қр 13:4, 6). Барои ҳамин мо аз вақтхушиҳое, ки бадахлоқию зӯровариро болобардор мекунанд, дурӣ меҷӯем. Ҳамчунин вақте бо дигарон, аз ҷумла бо онҳое, ки моро меранҷонанд, ягон чизи бад рӯй медиҳад, мо хурсанд намешавем (Пнм 17:5).
ВИДЕОНАВОРИ «ФАРОМӮШ НАКУНЕД, КИ МУҲАББАТ АЗ БАДӢ ХУРСАНД НАМЕШАВАД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Вақте Довуд фаҳмид, ки Шоулу Юнотон мурданд, чӣ кор кард?
-
Довуд дар ҳаққи Шоулу Юнотон чӣ эҷод кард?
-
Чаро Довуд аз марги Шоул хурсанд нашуд?