Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Оё шумо ба бетартибиҳои шаҳрвандӣ тайёред?

Оё шумо ба бетартибиҳои шаҳрвандӣ тайёред?

Бо наздик шудани анҷоми ин дунё бетартибиҳои шаҳрвандӣ, терроризм ва ҷангҳо зиёд мешаванд (Ошк 6:4). Чӣ тавр ба ин вазъиятҳо пешакӣ тайёр шавем?

  • Имонатонро мустаҳкам кунед. Принсипҳои Китоби Муқаддас ва воқеаҳоеро, ки дилпуриатонро ба Яҳуваю ташкилоташ қавӣ месозанду барои нигоҳ доштани бетарафӣ кумак мекунанд, ҷамъ оред (Пнм 12:5; jr-U саҳ. 125–126, сарх. 23, 24). Аз ҳозир муносибататонро бо аъзоёни ҷамоат мустаҳкам кунед (1Пт 4:7, 8).

  • Чизҳои лозимаро тайёр кунед. Пешакӣ фикр кунед, ки ҳангоми бетартибиҳо дар куҷои хонаатон пинҳон шуда, хӯроквории лозимаро захира карда метавонед. Ҳамчунин агар дар хона монда натавонед, нақшаи гурехтанро тартиб диҳед. Дар сумкае, ки барои чунин рӯзҳо тайёр кардаед, дастпӯшаку ниқоб ва пул монед. Боварӣ ҳосил кунед, ки рақами телефони пиронро доред ва онҳо низ рақами шуморо медонанд (Иш 32:2; g17-U № 5 саҳ. 3–7).

Дар давоми бетартибиҳо реҷаи рӯҳониатонро нигоҳ доред (Фп 1:10). Аз паноҳгоҳ беҳуда набароед (Мт 10:16). Хӯрокворӣ ва дигар чизҳои доштаатонро бо дигарон ба ҳам бинед (Рм 12:13).

ВИДЕОНАВОРИ «ОЁ ШУМО БА ОФАТҲО ТАЙЁРЕД?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр Яҳува дар вақти офатҳо моро дастгирӣ мекунад?

  • Барои пешакӣ тайёр шудан кадом қадамҳоро бояд гузорем?

  • Бо кадом роҳҳо мо ба касоне, ки аз офатҳо зарар дидаанд, кумак карда метавонем?