БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Дар хизмат аз рӯйдодҳои охир истифода баред
Ҳангоми таълим додани дигарон Исо аз рӯйдодҳои охир истифода мебурд (Лқ 13:1–5). Шумо низ метавонед аз хабарҳои охир истифода бурда шавқи одамонро ба хабари Подшоҳӣ бедор кунед. Масалан, шумо метавонед дар бораи қиматӣ, офати табиӣ, бетартибии шаҳрвандӣ, нашъамандӣ ва ё проблемаи дигаре гап занед. Сипас саволҳое диҳед, ки барои фаҳмидани фикри шахс кумак мекунанд. Шумо метавонед чунин гӯед: «Ба фикри шумо... ба охир мерасад?» ё «Ба фикри шумо... чӣ тавр ҳал кардан мумкин аст?» Сипас дар ин мавзуъ ояти Китоби Муқаддасро нишон диҳед. Агар ҳамсуҳбататон шавқ зоҳир кунад, диққаташро ба ягон видеонавор ё адабиёте аз «Маводи таълимӣ» равона созед. Мақсади мо ба дили одамони маҳалламон роҳ ёфтан аст. Биёед «ба хотири хушхабар» ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем (1Қр 9:22, 23).
Одамони маҳалли шумо ба кадом мавзуъҳо шавқ доранд?