Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

20–26 май

ЗАБУР 40, 41

20–26 май

Суруди 42 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Ба дигарон кумак кунед

(10 дақ.)

Ба дигарон ёрдам кардан ба мо хурсандӣ мебахшад (Зб 41:1; w18.08 саҳ. 22, сарх. 16–18).

Яҳува касонеро, ки ба дигарон ёрӣ медиҳанд, дастгирӣ мекунад (Зб 41:2–4; w15 15.12 саҳ. 24, сарх. 7).

Ба дигарон ёрӣ дода мо номи Яҳуваро ҷалол медиҳем (Зб 41:13; Пнм 14:31; w17.09 саҳ. 12, сарх. 17).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Дар ҷамоат ман ба кӣ беҳтар истифода бурдани барномаи JW Library-ро ёд дода метавонам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 40:5–10 — Мувофиқи ин оят Яҳуваро Роҳбари худ эътироф намудан, моро ба чӣ водор месозад? (it «Яҳува»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Суҳбат бо шахсе, ки хурсанд метобад (lmd дарси 2, қисми 3).

5. Суҳбатро сар кунед

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Суҳбат бо шахсе, ки зиқ метобад (lmd дарси 3, қисми 5).

6. Шогирд тайёр кунед

(5 дақ.) lff дарси 14, қисми 6. Омӯзанда шубҳа дорад, ки ба ҷамъомад равад. Бо ӯ як фикрро аз мақолаи «Дар ҷамъомад Яҳуваро ҳамд гӯед», ки дар бахши «Дида бароед» омадааст, муҳокима кунед (th дарси 19).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 90

7. Ба пиронсолон некӣ кунед

(15 дақ.) Муҳокима.

Яҳува ҳама корҳоеро, ки пиронсолони азизамон барои ҷамоат мекунанд, қадр менамояд. Мо низ чунин мекунем (Ибр 6:10). Тӯли солҳо онҳо ҳамимононро таълиму насиҳат медоданд ва рӯҳбаланд мекарданд. Эҳтимол, шумо дар ёд доред, ки чӣ тавр онҳо шахсан ба шумо кумак карданд. Чӣ тавр мо миннатдориамонро барои заҳматҳои онҳо нишон дода метавонем?

ВИДЕОНАВОРИ «Ба ҳамимонони худ некӣ мекунем»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Бародарамон аз бародари калонсол, Ҳу-ҷин, чиро ёд гирифт?

  • Барои кадом корашон шумо пиронсолони ҷамоататонро қадр мекунед?

  • Мо аз мисоли сомарии раҳмдил чӣ дарс мегирем?

  • Ба фикратон чаро хуб буд, ки бародар барои ба Ҳу-ҷин кумак расондан ҳамроҳаш дигаронро гирифт?

Вақте мо дар бораи ниёзҳои пиронсолони ҷамоатамон фикр мекунем, мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат ба онҳо кумак кардан даркор аст. Агар ба ягонтои онҳо кумак лозим бошад, фикр кунед, ки чӣ тавр шумо ёрдам дода метавонед (Яқ 2:15, 16).

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Ғалотиён 6:10-ро хонанд. Сипас аз онҳо пурсед:

  • Чӣ тавр ҳар яки мо ба пиронсолони ҷамоатамон некӣ карда метавонем?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 49 ва дуо