Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

24–30 июн

ЗАБУР 54–56

24–30 июн

Суруди 48 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Худо бо шумост

(10 дақ.)

Вақте тарс дилатонро фаро мегирад, мисли Довуд ба Яҳува такя кунед (Зб 56:1–4; w06 1.8 саҳ. 22, сарх. 10, 11).

Яҳува истодагии шуморо қадр мекунад ва ҳатман кумак мерасонад (Зб 56:8; cl саҳ. 243, сарх. 9).

Яҳува бо шумост. Ӯ намегузорад, ки чизе ба шумо зарари бардавом расонад (Зб 56:9–13; Рм 8:36–39; w22.06 саҳ. 18, сарх. 16, 17).

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 55:12, 13 — Оё Яҳува ба Исо хиёнат кардани Яҳудоро пешакӣ муқаррар карда буд? (it «Пешбинӣ, пешомад»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Ба шахс дар бораи курси омӯзиши Китоби Муқаддас гап занед ва ба ӯ корти ин курсро пешкаш намоед (th дарси 11).

5. Шогирд тайёр кунед

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ (lmd дарси 7, қисми 4).

6. Нутқ

(5 дақ.) w23.01 саҳ. 29, 30, сарх. 12–14. Мавзуъ: «Муҳаббат ба Масеҳ моро водор мекунад, ки далерӣ нишон диҳем». Диққати ҳозиронро ба расм равона созед (th дарси 9).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди «Ҷасорат бидеҳ» (мусиқӣ бо матни суруд)

7. «Мо хурсанд буда метавонем, нигоҳ накарда ба шамшер»

(5 дақ.) Муҳокима.

ВИДЕОНАВОРРО монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чи хеле ки аз нақли бародар Боуте маълум аст, вақте моро воҳима зер мекунад, чӣ ёрдам дода метавонад?

8. «Пешравиҳо дар ташкилот» (июн)

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 44 ва дуо