Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

27 май — 2 июн

ЗАБУР 42–44

27 май — 2 июн

Суруди 20 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Таълими Яҳуваро қадр кунед

(10 дақ.)

Агар имкон бошад шахсан дар вохӯриҳо иштирок намуда Яҳуваро ҳамроҳи дигарон парастиш кунед (Зб 42:4, 5; w06 1.6 саҳ. 9, сарх. 4).

Пеш аз омӯзиши Каломи Худо дуо гӯед (Зб 42:8; w12 15.1 саҳ. 15, сарх. 2).

Гузоред, ки Китоби Муқаддас дар ҳар коратон шуморо роҳнамоӣ намояд (Зб 43:3).

Таълими Яҳува ба мо дар озмоишҳо қувват мебахшад ва ёрдам мекунад, ки ба ӯ вафодор монем (1Пт 5:10; w16.09 саҳ. 5, сарх. 11, 12).

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 44:19 — Ибораи «макони шағолон» чӣ маъно дошта метавонад? (it «Шағол»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 5, қисми 5).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(5 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Шахсро ба суханронии оммавӣ, ки дар вохӯрии навбатии ҷамъомад садо медиҳад, даъват намоед. Баъзе фикрҳои асосиро аз видеонавори «Вохӯрии Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?» қайд кунед (lmd дарси 7, қисми 5).

6. Нутқ

(3 дақ.) lmd Замимаи А, қисми 4. Мавзуъ: «Ҳама тансиҳату саломат мешаванд» (th дарси 2).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 40

7. Баъди хатми мактаб чӣ кор мекунед?

(15 дақ.) Муҳокима.

Ҷавонон, оё шумо фикр кардед, ки баъди хатми мактаб чӣ кор мекунед? Шояд шумо аллакай кореро интихоб кардед, ки барои пешрав шуда хизмат карданатон халал намерасонад. Ё эҳтимол қарор кардед, ки ягон курсро мегузаред ва соҳиби касбу ҳунар шуда, сертификат ё диплом мегиред. Ҷавонӣ вақти шавқовар, вале ҳамзамон душвори ҳаёт мебошад. Шояд ба шумо интихоб кардан мушкил бошад, чунки пешниҳод зиёд аст ва ё шумо ғам мехӯред, ки дигарон ба интихобатон чӣ хел назар мекунанд. Аммо чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки қарори бохирадона бароред?

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Матто 6:32, 33-ро хонанд. Сипас аз онҳо пурсед:

  • Чаро пеш аз интихоб кардани кор ё ягон курс мақсадҳои аниқи рӯҳонӣ доштан хуб аст?

  • Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кумак карда метавонанд, ки маслиҳатҳои Матто 6:32, 33-ро ба кор баранд? (Зб 78:4–7).

Нагузоред, ки хоҳиши обрӯманду пулдор шудан ба қарори шумо таъсир расонад (1Юҳ 2:15, 17). Фаромӯш накунед, ки пули бисёр доштан, ба одам халал мерасонад, ки Подшоҳии Худоро дар якум ҷо монад (Лқ 18:24–27). Агар мақсади асосии шахс пули бисёр кор кардан бошад, ба вай рӯҳан пешравӣ кардан ва Худоро хурсанд намудан ғайриимкон мешавад (Мт 6:24; Мқ 8:36).

ВИДЕОНАВОРИ «Ба чизҳое, ки ҷовидонӣ нестанд, таваккал накунед! Боигарӣ»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  •   Чӣ тавр маслиҳати Панднома 23:4, 5 ба шумо ёрдам мекунад, ки қарори хирадмандона бароред?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 51 ва дуо