Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

6–12 май

ЗАБУР 36, 37

6–12 май

Суруди 20 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. «Ба сабаби бадкирдор ғамгин машав»

(10 дақ.)

Мо аз таъсири одамони бад азоб мекашем (Зб 36:1–4; w17.04 саҳ. 10, сарх. 4).

Аз «бадкирдор» ба ғазаб омада мо ба худамон зарар мерасонем (Зб 37:1, 7, 8; w22.06 саҳ. 10, сарх. 10).

Боварӣ ба ваъдаҳои Яҳува ба дили мо оромӣ мебахшад (Зб 37:10, 11; w03 1.12 саҳ. 13, сарх. 20).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Оё ман хабарҳоро дар бораи зӯроварӣ ва бераҳмӣ аз ҳад зиёд тамошо мекунам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 36:6 — Росткории Яҳува «мисли кӯҳҳои бузург» гуфта, таронанавис чиро дар назар дошт? (it «Кӯҳ»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА (lmd дарси 1, қисми 5).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахсе, ки пеш омӯзиш кардан намехост, омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 9, қисми 4).

6. Нутқ

(5 дақ.) ijwbv-U мақолаи 45. Мавзуъ: «Суханони Забур 37:4 чӣ маъно доранд?» (th дарси 13).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 38

7. Оё шумо ба «сахтиҳо» тайёред?

(15 дақ.) Муҳокима.

Дар саросари ҷаҳон доимо офатҳои табиӣ ва фалокати техногенӣ (фалокате, ки аз беэҳтиётии одамон ба амал меояд) рӯй медиҳанд. Аз сабаби онҳо бисёр одамон, аз ҷумла бародару хоҳарон наздикон ва чизу чораи худро аз даст медиҳанд (Зб 9:9, 10). Афсӯс, ҳақиқат ин аст, ки чунин офатҳо ногаҳон, дар як лаҳза рӯй дода метавонанд. Барои ҳамин мо бояд ба онҳо тайёр бошем.

Пеш аз сар задани офат мо бояд баъзе чизҳоро захира a кунем. Лекин ғайр аз ин боз чӣ кор кардан лозим аст?

  • Қадамҳои худро пешакӣ фикр кунед. Тан гиред, ки фалокат хоҳ нохоҳ ба сари ҳар яки мо омада метавонад ва фикр кунед, ки дар ҳолати фавқулода шумо чӣ кор мекунед. Ба чизу чора дил набандед. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки дар вақти фалокат бохирадона амал намоед ва диққатро бештар ба наҷот додани худ ва дигарон равона созед (1Мс 19:16; Зб 36:9). Илова бар ин, агар аз ягон сабаб дороии худро аз даст диҳед, ин ба шумо кумак мекунад, ки тезтар ба худ оед (Зб 37:19).

  • Имонатонро мустаҳкам кунед. Боварии худро ба он ки Яҳува қудрат ва хоҳиши зиёд дорад, ки дар бораи шумо ғамхорӣ намояд, қавӣ гардонед (Зб 37:18). Мунтазам ба худ ёдрас кунед, ки Яҳува ҳамеша хизматгоронашро дастгирӣ намуда роҳнамоӣ мекунад, ҳарчанд мо метавонем ҳама чизи чораамонро аз даст диҳему худамон зинда монем (Ир 45:5; Зб 37:23, 24).

Агар ба иҷро шудани ваъдаҳои Яҳува шубҳа накунем, Худо барои мо «дар сахтиҳо қалъаи» бузург мегардад (Зб 37:39).

ВИДЕОНАВОРИ «Оё шумо ба офатҳо тайёред?»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чӣ тавр Яҳува дар вақти офатҳо ба мо кумак мекунад?

  • Чӣ тавр мо ба офатҳо тайёр шуда метавонем?

  • Чӣ тавр мо ба касоне, ки аз офатҳо зарар диданд, ёрдам дода метавонем?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 142 ва дуо