БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Роҳҳои истифодаи JW Library
БАРОИ ОМӮЗИШ:
-
Китоби Муқаддас ва ояти рӯзро хонед.
-
«Солнома», маҷаллаҳо ва дигар адабиётҳоро хонед. Аз функсияи «Закладки» истифода баред
-
Ба ҷамъомад тайёрӣ бинед ва ба ҷавобҳо хат кашед
-
Видеоҳоро тамошо кунед
ДАР ҶАМЪОМАД:
-
Оятҳоеро, ки нотиқ мегӯяд, кушода хонед. Барои ёфтани оятҳои кушодаатон аз функсияи «История» истифода баред
-
Ба ҷои ба ҷамъомад якчанд адабиёти чопиро овардан аз таҷҳизоти электронӣ истифода бурда маводҳои лозимаро пешакӣ боргирӣ кунед. Дар барномаи JW Library сурудҳои наве ҳастанд, ки ҳоло дар китоби сурудҳо нестанд
ДАР ХИЗМАТ:
-
Ба шахси шавқманд аз JW Library ягон адабиётро нишон диҳед, сипас барои ба таҷҳизоти электронии ӯ боргирӣ кардани ин барнома ва адабиётҳо кӯмак расонед
-
Барои ёфтани ояти Китоби Муқаддас аз функсияи «Поиск» истифода баред. Барои ин дар сатри ҷустуҷӯ калима ё ибораи асосиро дохил кунед
-
Видеоро нишон диҳед. Агар соҳибхона кӯдакдор бошад, шумо метавонед яке аз филмҳои тасвирии силсилаи «Дӯсти Яҳува шав!»-ро нишон диҳед. Ё ин ки барои бедор кардани шавқи соҳибхона видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?»-ро нишон дода метавонед. Ба хориҷизабонон ягон видеоро бо забони модариашон нишон диҳед
-
Барои оятро ба дигар забон нишон додан аз тарҷумаи Китоби Муқаддасе, ки шумо пешакӣ боргирӣ карда будед, истифода баред. Барои ин ояти лозимаро интихоб карда рақами оят ва сипас аломатчаи китобмонандро пахш кунед