Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 6–10

Айюби содиқ аз ғаму ғуссаи худ ҳасрат кард

Айюби содиқ аз ғаму ғуссаи худ ҳасрат кард

Айюб молу мулк ва фарзандонашро аз даст дод, ғайр аз ин ба бемории сахт гирифтор шуд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ӯ ба Худо содиқ монд. Шайтон бошад, ғаму ғуссаи Айюбро истифода бурда беайбии ӯро шикастан хост. Се шахсе ки ба ном дӯстони Айюб буданд, ба хабаргириаш омаданд. Дар аввал онҳо дар пеши мардум ҳамдардӣ карда бо ӯ ҳафт рӯз хомӯш нишастанд. Лекин баъдтар онҳо Айюбро айбдор карданд.

Ба озмоишҳои сахт нигоҳ накарда Айюб ба Яҳува содиқ монд

6:3; 7:16; 9:20–22; 10:1, 12

  • Айюб ба ғаму андӯҳи ба сарашомада назари нодуруст дошт. Ӯ гумон мекард, ки Худо нисбати содиқ буданаш бефарқ аст

  • Азбаски Айюб беҳад рӯҳафтода буд, сабаби дарду азобашро намефаҳмид

  • Ба ғамзадагии худ нигоҳ накарда Айюб ба айбдоркунандагонаш мегуфт, ки Яҳуваро дӯст медорад