Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Эҳёшавӣ тавассути фидия имконпазир аст

Эҳёшавӣ тавассути фидия имконпазир аст

Шоми ёдбуд ба мо имконияти хубе медиҳад, то дар бораи баракатҳои оянда, мисли эҳёшавӣ, ки ба воситаи фидия имконпазир мегардад, мулоҳиза ронем. Яҳува ҳеҷ гоҳ ният надошт, ки одамизод бимирад. Барои ҳамин аз даст додани шахси наздикамон ба мо дардноку аламовар аст (1Қр 15:26). Ба Исо дидани ғаму андӯҳи шогирдонаш ҳангоми марги Лаъзор дардовар буд (Юҳ 11:33–35). Азбаски Исо хислатҳои Падарашро ба таври комил зоҳир мекард, мо боварии комил дошта метавонем, ки Яҳува низ вақте дарду азоби моро ҳангоми аз даст додани шахси наздикамон мебинад, ғамгин мешавад (Юҳ 14:7). Яҳува сахт интизор аст, ки ходимони фавтидаашро ба ҳаёт баргардонад ва мо низ бояд он замонро интизор бошем (Юҳ 14:14, 15).

Азбаски ҳама кори Яҳува аз рӯи тартиб аст, барои ҳамин бовар кардани он ки эҳёшавӣ аз рӯи тартиб мешавад, хирадмандона мебуд (1Қр 14:33, 40). Ба ҷои одамонро дафн кардан, мо эҳёшудагонро пешвоз хоҳем гирифт. Оё шумо дар бораи эҳёшавӣ мулоҳиза меронед, хусусан вақте ки шахси наздикатонро аз даст медиҳед? (2Қр 4:17, 18). Оё шумо аз Яҳува барои фидия ва дар Навиштаҳо оиди эҳёшавӣ маълумот доданаш, миннатдоред? (Қл 3:15).

  • Шумо аз байни ёру дӯстон ва наздикони фавтидаатон хусусан киро аз нав дидан мехостед?

  • Аз ходимони Яҳува, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, шумо хусусан бо кӣ вохӯрда ҳамсӯҳбат шудан мехостед?