Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Меҳмононро пешвоз гиред!

Меҳмононро пешвоз гиред!

Рӯзи 23-уми марти соли ҷорӣ, мо интизорем, ки беш аз 12 миллион меҳмонон ба Шоми ёдбуд ташриф меоранд. Онҳо аз нутқ хоҳанд фаҳмид, ки ба воситаи атои Яҳува, яъне фидия барояшон кадом баракатҳо имконпазир мегардад (Иш 11:6–9; 35:5, 6; 65:21–23; Юҳ 3:16). Лекин дар чунин чорабинӣ на танҳо нотиқ шаҳодат дода метавонад, балки ҳамаи воизон имконият доранд, ки меҳмононро бо чеҳраи кушод хушомадед гуфта, бо ин ба онҳо шаҳодати хуб диҳанд (Рм 15:7).

  • Ба ҷои дар ҷойҳои худ нишастану оғози барномаро интизор шудан, меҳмононро бо табассуми самимӣ пешвоз гиред

  • Хуб мебуд, ки на танҳо ба шахси таклиф кардаатон, балки ба меҳмонони дигар низ таваҷҷӯҳ зоҳир кунед. Ҳамчунин ӯро таклиф карда метавонед, ки дар наздатон шинад, то якҷоя аз брошураи сурудҳо ва Китоби Муқаддас истифода баред

  • Баъд аз нутқ ба саволҳои ӯ бо омодагӣ ҷавоб диҳед. Агар дар ҷои вохӯрӣ ду бор Шоми ёдбуд гузарад ва онро барои дигарон зуд холӣ кардан лозим ояд, шумо метавонед чунин гӯед: «Ман фикри шуморо дар бораи ин барнома фаҳмиданӣ будам. Шумо телефон доред? Агар не ман ба хонаатон омада метавонистам». Сипас гапзанон кунед, ки кадом рӯз бо ӯ вохӯрдан мумкин аст