Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Тарзи истифода бурдани брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?»

Тарзи истифода бурдани брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?»

Брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?»* барои бо омӯзанда дар аввал ва ё охири ҳар дарс муҳокима кардан, тайёр шудааст. Дарсҳои 1–4 омӯзандаро бо мо — Шоҳидони Яҳува шинос мекунад, дарсҳои 5–14 бошад, кӯмак мекунад, ки дар бораи фаъолиятамон бештар фаҳмад ва дарсҳои 15–28 бо ташкилотамон шинос мекунад. Нағз мешуд, ки дарсҳо аз рӯйи тартиб гузаронда шаванд, аммо дар вақти зарурӣ дарси дигарро муҳокима кардан мумкин аст. Ҳар як дарс як саҳифа дорад, ки онро бо омӯзандаҳо дар давоми панҷ-даҳ дақиқа муҳокима кардан мумкин аст.

  • Диққати шахсро ба сарлавҳаи дарс, ки чун савол омадааст, равона созед

  • Дарсро якҷоя хонед. Шумо метавонед дарсро пурра ва ё ҳар як қисмро алоҳида хонед

  • Саволҳо ва расмҳои овардашударо дида бароед. Оятҳои овардашударо хонда муҳокима кунед. Диққати шахсро ба он равона созед, ки чӣ тавр зерсарлавҳаҳо ба саволе, ки чун номи сарлавҳа омадааст, ҷавоб мегардонанд

  • Агар дарс чорчӯбаи «Бисёртар фаҳмед» дошта бошад, якҷоя хонед ва омӯзандаро барангезед, ки мувофиқи он маслиҳатҳо амал кунад

Нашри навтарини ин брошураро дар шакли электронӣ ёфта метавонед.