Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Тарзи истифода бурдани брошураи «Худоро гӯш кунед»

Тарзи истифода бурдани брошураи «Худоро гӯш кунед»

Брошураи «Худоро гӯш кунед» барои таълим додани таълимоти асосии Китоби Муқаддас ба шахсоне, ки хонда наметавонанд, тайёр шудааст. Ҳар як дарс, ки аз ду саҳифа иборат аст, расмҳо дорад. Ин расмҳо бодиққат интихоб шудаанд ва ишорачаҳое доранд, ки барои аз як расм ба расми дигар муҳокимаро давом додан ёрдам мекунад.

Расмҳои брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» бо расмҳои брошураи «Худоро гӯш кунед» якхелаанд. Аммо брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» матнҳояш зиёдтар аст ва барои онҳое, ки хонишашон суст мебошад, тайёр шудааст. Вақте воиз бо ягон кас омӯзиши брошураи «Худоро гӯш кунед»-ро сар кунад, худаш метавонад аз брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» истифода барад. Бисёр саҳифаҳо чорчӯбаи фикрҳои иловагӣ доранд, ки мувофиқи қобилияти омӯзанда муҳокима кардан мумкин аст.

Дар давоми моҳ ин брошураҳо паҳн нашаванд ҳам, шумо метавонед ҳамавақт ин ду брошураро пешкаш кунед. Дар вақти омӯзиш расмҳоро истифода бурда, воқеаҳои Китоби Муқаддасро нақл кунед. Саволҳое диҳед, ки омӯзанда фикрашро баён карда тавонад ва боварӣ ҳосил кунед, ки вай дарсро фаҳмид. Оятҳои дар поёни ҳар як саҳифа омадаро хонда муҳокима кунед. Баъди тамом кардани брошура бо ӯ китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» ё «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?»-ро омӯзиш кунед, то омӯзандаатон рушд карда таъмид гирад.