Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИРМИЁ 12–16

Халқи Исроил Яҳуваро фаромӯш кард

Халқи Исроил Яҳуваро фаромӯш кард

Ба Ирмиё супориши душворе дода шуд. Ӯ бояд нишон медод, ки Яҳува қарор кардааст, то Яҳудо ва Ерусалимро барои кибру ғурурашон ҷазо диҳад

Ирмиё камарбанди катонӣ харид

13:1, 2

  • Камарбанд, ки дар миён часпида меистад, рамзи муносибати наздики Яҳува бо халқаш мебошад

Ирмиё камарбандро ба дарёи Фурот мебарад

13:3–5

  • Ӯ камарбандро дар сӯрохии сахра пинҳон карда, ба Ерусалим баргашт

Ирмиё барои гирифтани камарбанд ба дарёи Фурот бармегардад

13:6, 7

  • Камарбанд пӯсида буд

Ирмиё маънои супоришашро аз Яҳува танҳо баъди иҷро карданаш фаҳмид

13:8–11

  • Ирмиё Яҳуваро ҳатто дар чизҳои ба назар на он қадар муҳим пурра гӯш мекард ва ин итоаткориаш ба Яҳува имкон дод, ки ҳақиқати муҳимро ба одамон бо воситаи мисол фаҳмонад