Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 25

«Ҳушёру бедор бошед»

«Ҳушёру бедор бошед»

25:1–12

Ҳарчанд масали Исо дар бораи даҳ духтар ба масеҳиёни тадҳиншуда равона шудааст, лекин он ба ҳамаи ходимони Худо низ дахл дорад (w15 15.3 саҳ. 12–16). «Бинобар ин бедор бошед, зеро он рӯз ва соатро намедонед» (Мт 25:13). Оё шумо масали Исоро фаҳмонда метавонед?

  • Домод (ояти 1— Исо

  • Тайёр будани духтарони бохирад (ояти 2— Тадҳиншудагоне, ки барои содиқона иҷро кардани таъйиноташон тайёр шудаанду чун нур то охир медурахшанд (Фп 2:15)

  • Овози баланде шунида шуд: «Домод омада истодааст» (ояти 6— Аломати ҳузури Исо

  • Духтарони бехирад (ояти 8— Тадҳиншудагоне, ки ба пешвозгирии домод мераванд, вале ҳушёру бедор намонда беайбиашонро нигоҳ намедоранд

  • Духтарони бохирад барои додани равғани худ розӣ нашуданд (ояти 9— Баъд аз гузоштани мӯҳри охирин, тадҳиншудагони содиқ ба шахсоне ки содиқ намонданд, кӯмак карда наметавонанд, чунки аллакай дер мешавад

  • «Домод омад» (ояти 10— Қариби тамомшавии мусибати бузург Исо барои доварӣ кардан меояд

  • «Духтароне, ки тайёр буданд, ҳамроҳи ӯ ба базми тӯёна даромаданд ва баъд аз ин дарҳоро маҳкам карданд» (ояти 10— Исо тадҳиншудагони содиқашро дар осмон ҷамъ меорад, лекин онҳое, ки содиқ намемонанд, мукофоти осмониашонро аз даст медиҳанд