БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Номае тартиб диҳед, ки шаҳодати хуб диҳад
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Китоби 1 Қӯринтиён яке аз 14 номае мебошад, ки Павлуси расул барои рӯҳбаланд кардани ҳамимонон навишта буд. Одатан номаро фикр карда менависанд, барои ҳамин суханонаш нағз интихоб шудаанду онро такрор ба такрор хондан мумкин аст. Нома то имрӯз тарзи хуби муошират аст. Ба воситаи он ба хешу табор ва шиносон мавъиза кардан осон мебошад. Мо ҳамчунин ба воситаи нома метавонем, ба касоне мавъиза кунем, ки шахсан гап зада наметавонем. Масалан, онҳо касоне мебошанд, ки шавқ зоҳир карданду, лекин дар хона ёфтанашон душвор аст ва ё онҳо дар биноҳои бисёрошёнаи посбондор, манзилҳое, ки даромадани бегонагон манъ аст ва ё дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми навиштани нома, хусусан, вақте ба касони ношинос нома менависем, мо бояд чиро дар хотир дорем?
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
-
Суханонеро нависед, ки ҳангоми бо шахс рӯ ба рӯ гап заданатон мегуфтед. Аввал худро муаррифӣ кунед ва фаҳмонед, ки барои чӣ шумо ин номаро навиштед. Баъд саволе нависед, ки шахс мулоҳиза ронад ва дар бораи сайтамон каме маълумот диҳед. Ҳамчунин шумо метавонед дар бораи омӯзиши бепули Китоби Муқаддас ва ё аз ягон адабиёти омӯзишиамон баъзе мавзӯъҳоро нависед. Дар даруни нома корти сайтамон, даъватнома ё ягон рисоларо мондан мумкин аст.
-
Гапро кашол надиҳед. Ҳамин хел номае тартиб диҳед, ки хонанда аз хонданаш монда нашавад. (Ба намунаи нома нигоҳ кунед.)
-
Бори дигар номаатонро хонда бароед, то бехато, осонфаҳм ва зебо навишта шуда бошад. Боварӣ ҳосил кунед, ки оҳанги суханонатон дӯстона бошад, на ин ки аз ҳад ҷиддӣ. Агар шумо номаро ба воситаи почта фиристоданӣ бошед, ба таври кифоя марка часпонед.