Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҳангоми таълими омӯзандагон аз видеонаворҳо истифода баред

Ҳангоми таълими омӯзандагон аз видеонаворҳо истифода баред

Видеонаворҳо, расмҳо ва харитаҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро шавқовар мегардонанд ва ба омӯзанда ёрдам мекунанд, ки чизҳои омӯхтаашро нағзтар фаҳмад ва дар хотир гирад. Насиҳатгари Бузурги мо, Яҳува, ҳангоми таълим додан аз чизҳои аёнӣ истифода мебурд (Ҳс 15:5; Ир 18:1–6). Устоди бузурги мо, Исо, низ ҳамин тавр мекард (Мт 18:2–6; 22:19–21). Яке аз аёниятҳое, ки солҳои охир манфиати калон оварда истодааст, видеонавор мебошад. Оё шумо ҳангоми таълим додан видеонаворҳоро истифода мебаред?

Барои брошураи «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!» 10-то видеонавор тайёр карда шудааст. Одатан номи ҳар як видеонавор ба яке аз саволҳое, ки дар ин ё он дарс оварда шудааст, мувофиқат мекунад. Дар нашри электронии ин брошура пайвандҳо оварда шудаанд. Онҳо ба мо ёрдам мекунанд, то фаҳмем, ки кай бояд ҳар як видеонаворро монем. Ғайр аз ин, барои дигар адабиёти омӯзишиамон видеонаворҳои мувофиқ низ вуҷуд доранд.

Шояд шумо бо омӯзандаи худ мавзӯеро муҳокима карда истодаед, ки фаҳмиданаш душвор аст. Ё ин ки омӯзандаатон бо озмоиш рӯ ба рӯ шудааст. Пас шумо метавонед аз сайти jw.org® ва JW Broadcasting® видеонавори мувофиқро ҷустуҷӯ кунед. Баъд онро якҷоя бо омӯзандаатон тамошо карда муҳокима намоед.

Ҳар моҳ видеонаворҳои нав ба нав мебароянд. Дар вақти тамошои ин видеонаворҳо фикр кунед, ки чӣ тавр онро дар вақти таълим доданатон истифода бурда метавонед.