Чӣ тавр мо муҳаббат зоҳир карда метавонем?
Вақте моро хафа мекунанд, муҳаббат ёрдам мекунад, ки на фақат шахсро бахшем, балки ягон кори нек кунем. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Агар душманат гурусна бошад, ӯро сер кун, агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ, зеро бо чунин рафторат бар сари ӯ лахчаҳои оташ ҷамъ хоҳӣ кард» (Рм 12:20). Вақте мо некӣ мекунем, шахсе ки моро хафа кард метавонад аз кори кардааш пушаймон шавад ва муносибаташро ба мо дигар кунад.
Агар шахсе, ки ту нохост хафа кардӣ, бо ту нағз муносибат кунад, чӣ ҳис мекунӣ?