Суруди 5 ва дуо
Пешгуфтор (1 дақ.)
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
«Эсов нахустзодагии худро мефурӯшад» (10 дақ.)
Ҳс 25:27, 28 — Ҳарчанд Эсов ва Яъқуб дугоник буданд, лекин аз якдигар тамоман фарқ мекарданд (it «Яъқуб»)
Ҳс 25:29, 30 — Эсов гузошт, ки хоҳишҳои ҷисмониаш ӯро идора кунанд
Ҳс 25:31–34 — Эсов ҳатто фикр накарда нахустзодагии худро барои як табақ хӯрок ба Яъқуб фурӯхт (w19.02 саҳ. 16, сарх. 11; it «Нахустзода»)
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом (10 дақ.)
Ҳс 25:31–34 — Вақте ки Павлуси расул дар нома ба ибриён дар бораи ин воқеа навишт, ӯ чиро қайд кардан мехост? (Ибр 12:16; w17.12 саҳ. 15, сарх. 5–7)
Ҳс 26:7 — Чаро дар ин вазъият Исҳоқ пурра гапи ростро нагуфт? (it «Дурӯғ»)
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо дар бораи Яҳува, хизмат ё дигар мавзӯъ кадом ганҷҳоро ёфтед?
Хониши Китоби Муқаддас (4 дақ. ё камтар): Ҳс 26:1–18 (th дарси 5)
ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД
Видеонавори боздиди якум (5 дақ.): Муҳокима. Видеонаворро монед ва ба шунавандагон саволҳои зеринро диҳед: «Агар соҳибхона ҷавоби саволро надонад, чӣ тавр мо ин ҳолати ногуворро бартараф карда метавонем? Чӣ тавр воиз Матто 20:28-ро муҳокима кард?»
Боздиди якум (4 дақ. ё камтар): Аз намуна барои сӯҳбат истифода баред (th дарси 3).
Боздиди якум (4 дақ. ё камтар): Аз намуна барои сӯҳбат истифода баред. Сипас китоби «Таълими Китоби Муқаддас»-ро пешкаш намоед (th дарси 15).
БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҳангоми омӯзиши брошураи «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!» аз видеонаворҳо истифода баред (15 дақ.): Муҳокима. Видеонавори «Мурдагон дар кадом ҳолатанд?» ва «Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?»-ро монед. Баъд ба шунавандагон саволҳои зеринро диҳед: «Чӣ тавр дар вақти омӯзиши брошураи “Хабарҳои нағз” ин видеонаворро истифода бурдан мумкин аст? (mwb19.03 саҳ. 7). Кадом фикрҳо ва мисолҳои ин видеонавор ба шумо ёрдам мекунанд, ки ҳақиқатро таълим диҳед?» Ёдрас кунед, ки дар намуди электронии ин брошура пайвандҳое ҳастанд, ки рост ба видеонавор мебаранд.
Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад (30 дақ.): jy боби 108
Суханони хотимавӣ (3 дақ. ё камтар)
Суруди 50 ва дуо