Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ҲАСТӢ 27, 28

Яъқуб баракатро ба даст меорад

Яъқуб баракатро ба даст меорад

27:6–10, 18, 19, 27–29

Баракате, ки Исҳоқ ба Яъқуб дод тимсоли воқеаҳое буданд, ки бояд дар оянда рӯй медоданд.

  • 27:28 — Яҳува ба насли Яъқуб замини серҳосилеро дод, ки дар он «шир ва асал» ҷорӣ буд (ТкШ 26:15).

  • 27:29 — Исроилиён (насли Яъқуб) назар ба адӯмиён (насли Эсов) пурзӯртар шуданд (Ҳс 25:23; 2Пш 8:14).

  • 27:29 — Адӯмиён аз исроилиён нафрат доштанд, барои ҳамин ба лаънат гирифтор шуда оқибат чун халқ нест гаштанд (Ҳз 25:12–14).