Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Ба шахсони нобино мавъиза кунед

Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Ба шахсони нобино мавъиза кунед

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Бисёр нобиноён ҳангоми бо шахсони ношинос сӯҳбат кардан худро озод ҳис намекунанд. Аз ин рӯ барои ба чунин касон мавъиза кардан маҳорати махсус лозим аст. Аз қонуни Яҳува дидан мумкин аст, ки то чӣ андоза Ӯ нисбати нобиноён ғамхор аст ва онҳоро дӯст медорад (Ибд 19:14). Мо метавонем ба намунаи Яҳува пайравӣ намуда ба нобиноён кӯмак расонем, ки дӯсти Худо шаванд.

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:

  • Нобиноёнро «ҷӯед» (Мт 10:11). Оё шумо касеро медонед, ки ягон аъзои оилааш нобино аст? Оё дар минтақаи ҷамъомади шумо мактабҳо барои нобиноён, хонаҳои пиронсолон бо одамони нобино ё ташкилотҳое ҳастанд, ки ба шахсони нобино ёрдам мекунанд? Шояд шумо метавонед ба онҳо адабиётеро, ки барои нобиноён омода шудааст, расонед.

  • Таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир кунед. Вақте ки шумо ба шахси нобино таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир карда меҳрубонӣ нишон медиҳед, ӯ худро бо шумо озод ҳис мекунад. Сӯҳбатро аз мавзӯе сар кунед, ки барои одамони минтақаатон шавқовар аст.

  • Аз ҷиҳати рӯҳонӣ ёрдам кунед. Барои кӯмак расонидан ба нобиноён ё касоне, ки чашмашон он қадар хуб намебинад, ташкилоти мо адабиётро бо форматҳои гуногун мебарорад. Аз шахс пурсед, ки барои хондан кадом формати адабиёт барои ӯ қулай аст. Нозири хизматӣ бояд дар бораи он ғамхорӣ кунад, ки дар варақаи дархости адабиёт айнан формати барои нобиноён лозима қайд шудааст.