Яъқуб пешакӣ намедонист, ки дар издивоҷ бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад. Занони ӯ, Роҳел ва Леё, доимо рақобат мекарданд (Ҳс 29:32; 30:1, 8). Вале ба душвориҳои оилавӣ нигоҳ накарда Яъқуб ҳис мекард, ки Яҳува ӯро напартофтааст (Ҳс 30:29, 30, 43). Дар натиҷа аз насли Яъқуб халқи Исроил пайдо шуд (Рт 4:11).
Дар рӯзҳои мо ҳамаи онҳое, ки оила барпо мекунанд, бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд (1Қр 7:28). Ба ҳар ҳол агар ҳамсарон дар ҳама чиз ба Яҳува такя кунанд ва принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор баранд, пайвандҳои издивоҷашон мустаҳкам гашта хушбахт мешаванд (Мс 3:5, 6; Эф 5:33).