Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ман киро даъват мекунам?

Ман киро даъват мекунам?

Ҳар сол мо кӯшиш мекунем, ки одамони маҳалламонро ба Шоми ёдбуд даъват кунем. Вале ҳамчунин зарур аст, ки мо шиносони худро даъват кунем. Чунки агар ягон одами шинос онҳоро даъват кунад, эҳтимоли зиёд аст, ки ба Шоми ёдбуд оянд (yb08-U саҳ. 11, сарх. 3; саҳ. 14, сарх. 1). Фикр кунед, ки киро ба Шоми ёдбуд даъват карда метавонед:

  • Хешу табор

  • Ҳамкор ё ҳамсинф

  • Ҳамсоя

  • Одамоне, ки боздид мекунед ва онҳое, ки пештар омӯзиш мекардед ё ҳозир мекунед

Пирони ҷамъомад шахсони ғайрифаъолро даъват мекунанд. Агар шахсе, ки шумо даъват карданиед, дар дигар ҷо зиндагӣ кунад-чӣ? Шумо метавонед аз сайти jw.org фаҳмед, ки дар маҳалли ӯ Шоми ёдбуд дар куҷо ва соати чанд ҷашн гирифта мешавад. Барои инро фаҳмидан шумо метавонед дар саҳифаи асосии сайт бахши «ДАР БОРАИ МО» (он дар сатри болои саҳифа ҷойгир аст) ва баъд «Шоми ёдбуд»-ро интихоб намоед. Ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дида фикр кунед, ки киро даъват карда метавонед ва ин имкониятро аз даст надиҳед.