БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонда, хирад ҷӯед
Хиради Худо мисли ганҷи ниҳон пурарзиш аст (Пнм 2:1–6). Хирад кумак мекунад, ки бомулоҳиза бошем ва қарорҳои дуруст қабул кунем. Он моро муҳофизат мекунад. Аз ин рӯ Китоби Муқаддас хирадро «чизи асосӣ» меномад (Пнм 4:5–7). Барои ба даст овардани ганҷҳои ниҳони Каломи Худо кӯшишу ғайрат дар талаб аст. Мо метавонем аз он сар кунем, ки Каломи Худоро «рӯзу шаб», яъне ҳар рӯз, хонем (Юш 1:8). Аҳамият диҳед, ки кадом маслиҳатҳо ба мо кумак мекунанд, ки Каломи Худоро ҳар рӯз хонему аз он хурсандӣ гирем.
ВИДЕОНАВОРИ «ҶАВОНОН АЗ ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС БАҲРА МЕБАРАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Барои чӣ ба ин ҷавонон ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас душвор буд ва чӣ ба онҳо кумак кард?
-
Мелани
-
Самуэл
-
Селин
-
Рафаэлло
РЕҶАИ МАН БАРОИ ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС: