Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Чӣ тавр видеонаворҳоеро, ки барои омӯзиш пешбинӣ шудаанд, истифода барем?

Чӣ тавр видеонаворҳоеро, ки барои омӯзиш пешбинӣ шудаанд, истифода барем?

Мо дар бораи омӯзиши Китоби Муқаддас чор видеонаворе дорем, ки дар хизмат истифода бурда метавонем. Ин видеонаворҳо бо кадом мақсад омода шудаанд?

  • «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт? (пурра)». Бо он мақсад омода шудааст, ки шавқи шахсро ба Китоби Муқаддас новобаста ба эътиқодаш бедор кунад. Ин видеонавор касро ташвиқ мекунад, ки ба саволҳои муҳими ҳаёт аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбад ва ҳамзамон ба баъзе саволҳо ҷавобҳои мантиқӣ медиҳад. Дар он гуфта мешавад, ки чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддасро дархост кардан мумкин аст.

  • «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?» (нопурра). Ин тақрибан сеяки ҳамон видеонавори пурра аст. Онро дар ҷойҳое, ки одамон барои бисёр гап задан вақт надоранд, самаранок истифода бурдан мумкин аст.

  • «Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад?». Бо он мақсад тайёр шудааст, ки шавқи шахсро ба омӯзиши бепули Китоби Муқаддас бедор кунад. Он ҳамчунин ба саволҳое, ки шахс дар бораи омӯзиш пайдо карда метавонад, аз он ҷумла чӣ тавр дархост кардани омӯзиш, ҷавоб медиҳад.

  • «Аз омӯзиши Китоби Муқаддас баҳра баред». Онро ба касе, ки Китоби Муқаддасро меомӯзад, нишон додан мумкин аст. Ҳарчанд ин видеонавор дар саҳифаи дуюми китоби «То абад зинда бошед!» оварда шудааст, онро ҳангоми муҳокимаи китобчаи «То абад зинда бошед!» низ тамошо кардан мумкин аст. Дар видеонавор дар бораи ин китоб кӯтоҳакак маълумот дода шудааст. Инчунин он ба омӯзанда мефаҳмонад, ки омӯзиш чӣ тавр мегузарад.

Ҳарчанд ин видеонаворҳо бо мақсади муайян тайёр карда шудаанд, агар воиз лозим шуморад, метавонад яке аз онҳоро ба касе фиристад, ё нишон диҳад. Хуб мебуд, ки ҳамаи мо бо ин видеонаворҳо нағз шинос шавем ва онҳоро дар хизмат истифода барем.