ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
Ҳамеша ба Яҳува такя кунед
Осо ба Яҳува такя карда бар лашкари сершумор ғолиб омад (2Вқ 14:9–12; w21.03 саҳ. 5, сарх. 12).
Баъдтар, вақте лашкари камшумортар бар зидди ӯ баромад, Осо аз арамиён мадад пурсид (2Вқ 16:1–3; w21.03 саҳ. 5, сарх. 13).
Азбаски Осо ба Яҳува такя карданро бас кард, Яҳува аз ӯ норозӣ буд (2Вқ 16:7–9).
Вақте мо дар ҳаёт қарорҳои муҳим мебарорем, ба Яҳува такя мекунем. Лекин оё дар мавридҳои дигар низ чунин мекунем? Хеле муҳим аст, ки дар ҳама корҳоямон ба Яҳува таваккал кунем (Пнм 3:5, 6; w21.03 саҳ. 6, сарх. 14).