ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
«Дили ман доимо бар он хоҳад буд»
Яҳува ибодатгоҳро барои худ хуш кард (2Вқ 7:11, 12).
Яҳува гуфт, ки дилаш доимо бар ин ибодатгоҳ хоҳад буд, яъне ӯ нисбати он чизе, ки дар он ҷо рӯй медод, бепарво набуд (2Вқ 7:16; w02 15.11 саҳ. 5, сарх. 1).
Агар халқ «бо тамоми дил» пеши Яҳува роҳ рафтанро бас мекард, ӯ мегузошт, ки ибодатгоҳ хароб шавад (2Вқ 6:14; 7:19–21; it «Ибодатгоҳ»).
Вақти бозшавии ибодатгоҳ исроилиён, шояд, фикр мекарданд, ки парастиши Яҳуваро ҳеҷ гоҳ бас намекунанд. Сад афсӯс ки, бо гузашти вақт онҳо ғайраташонро дар хизмати Худо гум карданд.
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ тавр ман нишон медиҳам, ки Яҳуваро бо тамоми дили худ ибодат карда истодаам?»