БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
«Дили худро ҳимоя намо»
Сулаймон зери илҳоми Худо навишт: «Беш аз ҳар чизи ҳимояталаб дили худро ҳимоя намо» (Пнм 4:23). Сад афсӯс ки, исроилиён дигар «бо тамоми дили худ» ба Яҳува хизмат намекарданд (2Вқ 6:14). Ҳатто худи шоҳ Сулаймон гузошт, ки занони бутпарасташ дили ӯро ба худоҳои дигар моил кунанд (3Пш 11:4). Чӣ тавр шумо дилатонро ҳимоя карда метавонед? Шумо аз нашри омӯзишии маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз январи с. 2019, саҳ. 14–19 дар ин бора хонда метавонед.
ВИДЕОНАВОРИ «ДАРСҲО АЗ “БУРҶИ ДИДБОНӢ”. ДИЛИ ХУДРО МУҲОФИЗАТ КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Ин масеҳиён бо кадом хатарҳо рӯ ба рӯ шуданд ва чӣ тавр мақолаи омӯзишӣ ба онҳо кумак кард, ки дилашонро ҳимоя кунанд?
-
Брент ва Лаурен
-
Умҷа
-
Ҳеппи Лаю
Ин мақолаи омӯзишӣ чӣ тавр ба шумо кумак кард?