БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Чӣ тавр ба онҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар диданд, кумак кунем?
Офатҳои табиӣ вақтҳои охир тез-тез рӯй дода истодаанд. Вақте офатҳои табиӣ рӯй медиҳанд, бояд кумак ба осебдидагон нағз ташкил дода шавад. Аз ин сабаб Ҳайати роҳбарикунанда дар ҳар як филиал Шуъбаи ёрӣ ба осебдидагонро ташкил дод.
Вақте бародарони ин шуъба дар бораи офат хабардор мешаванд, онҳо зуд бо пирони маҳаллӣ тамос гирифта, мефаҳманд, ки воизон ба чӣ ниёз доранд. Агар зарари офат калон бошаду барои воизони маҳаллӣ ҳалли масъала душвор гардад, филиал бародарони ботаҷрибаро таъйин мекунад, то кори кумак ба осебдидагонро назорат кунанд. Ин бародарон кумаки ихтиёриён, чизҳои зарурӣ ва хӯроквориро дархост карда метавонанд. Ҳамчунин онҳо метавонанд чизҳои лозимаро аз ҳамон маҳал харида, ба муҳтоҷон тақсим кунанд.
Барои ҳамин дигар бародару хоҳарон набояд аз пеши худ амал кунанд. Вақте кумак аз рӯйи тартибу низом расонида мешавад, мо пеши роҳи кори дубораю нофаҳмиҳоро мегирем ва пулу дигар чизҳоро сарфа мекунем.
Бародароне, ки аз тарафи филиал таъйин шудаанд, муайян карда метавонанд, ки барои ёрӣ ба осебдидагон чӣ қадар ихтиёрӣ ва маблағ лозим мешавад. Онҳо метавонанд бо ҳукуматдорони маҳаллӣ суҳбат кунанд, то ки кори ёрӣ ба осебдидагон тезонида шавад. Аз ин рӯ, агар аз ягон бародар ё хоҳар хоҳиш накарда бошанд, онҳо набояд аз пеши худ маблағ ҷамъ кунанд, чизу чораи лозима фиристанд ва ё ба ҷое, ки аз офат зарар дидааст, раванд.
Лекин ин маънои онро надорад, ки ба осебдидагон кумаки шумо лозим нест. Мо бародару хоҳаронамонро дӯст медорем, барои ҳамин ёрдам додан мехоҳем (Ибр 13:16). Чӣ тавр? Пеш аз ҳама мо метавонем, дар ҳаққи касоне, ки аз офат зарар диданд ва шахсоне, ки ба онҳо кумак мерасонанд, дуо гӯем. Ҳамчунин ба кори умумиҷаҳонӣ хайрия карда метавонем. Филиалҳо, ки зери роҳбарии Ҳайати роҳбарикунанда амал мекунанд, беҳтар медонанд, ки ин хайрияҳоро чӣ тавр истифода баранд. Агар мо дар кори ёрӣ ба осебдидагон иштирок кардан хоҳем, бояд «Варақа барои ихтиёриёни Шуъбаи маҳаллии лоиҳакашӣ ва сохтмон (DC-50)»-ро пур кунем.
ВИДЕОНАВОРИ «ОБХЕЗИИ ХАРОБИОВАР ДАР БРАЗИЛИЯ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува дар тӯфоне, ки соли 2022 дар Бразилия рӯй дод, ба осебдидагон кумак расонданд ва ба шумо чӣ бисёртар маъқул шуд?