Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Соли 33-юми милодӣ. Петрус ва Юҳанно болохонаро барои иди Раҳоӣ тайёр карда истодаанд

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Оё шумо ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дида истодаед?

Оё шумо ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дида истодаед?

Охирин иди Раҳоие, ки Исо ҷашн гирифт, барояш хотирмон буд. Азбаски маргаш наздик буд, Исо хост, ки хӯроки иди Раҳоиро ҳамроҳи расулонаш хӯрад. Ӯ ҳамчунин нақша дошт, ки дар давоми ин ид маросими дигаре, Шоми ёдбуди Ҳазратро муқаррар намояд. Барои ҳамин ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристод, то болохонаро барои ҷашн омода созанд (Лқ 22:7–13, ба расми муқова нигаред). Ин воқеа хотиррасон мекунад, ки мо бояд ба Шоми ёдбуд, ки 27-уми март мегузарад, тайёрӣ бинем. Ҷамъомадҳо тайёрӣ дида дар бораи нотиқ, нону шароб ва чизҳои ба ин монанд ғамхорӣ мекунанд. Аммо чӣ тавр ҳар яки мо ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дида метавонем?

Дилатонро омода созед. Порчаҳои Китоби Муқаддасро, ки барои Шоми ёдбуд пешбинӣ шудаанд, хонед ва оиди онҳо мулоҳиза ронед. Рӯйхати ин порчаҳоро шумо дар брошураи «Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо» ёфта метавонед. Дар брошураи «Маълумотнома барои омӯзиши Каломи Худо», қисми 16-А, 16-Б («Ҳафтаи охири ҳаёти Исо дар замин») рӯйхати пурратари оятҳоро ёфтан мумкин аст. (Ҳамчунин ба «Дафтари вохӯрии “Ҳаёт ва хизмати мо”» барои моҳи апрели соли 2020 нигаред.) Оилаҳо дар ибодати оилавӣ аҳамияти қурбонии Исоро муҳокима карда метавонанд. Барои ин мақолаҳоро аз «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузаронидани тадқиқот» ёфтан мумкин аст.

Дигаронро таклиф кунед. Дар маъракаи даъваткунӣ фаъолона иштирок кунед. Фикр кунед, ки киҳоро даъват карда метавонед, масалан, шахсоне, ки боздид мекунед ё касоне, ки пештар омӯзиш мекарданд ва шиносону хешу табор. Пирони ҷамъомад бояд воизони ғайрифаъолро даъват кунанд. Агар шахс дар дигар ҷой зиндагӣ кунад, шумо метавонед барояш ҷойи гузаронидани Шоми ёдбудро бо ёрии сайти jw.org, бахши «ДАР БОРАИ МО», қисми «Шоми ёдбуд» ёбед.

Барои тайёрӣ дидан мо боз чӣ кор карда метавонем?