Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД

Савол диҳед

Савол диҳед

Яҳува «Худои хушбахт» аст ва Ӯ мехоҳад, ки мо аз хизмат хурсандӣ гирем (1Тм 1:11). Агар мо маҳорати таълимдиҳии худро беҳтар кунем, аз хизмат бисёртар хурсандӣ мегирем. Ба воситаи саволҳо шавқи касро бедор намуда сӯҳбатро сар кардан мумкин аст. Саволҳо ёрдам мекунанд, ки одамон фикру мулоҳиза кунанд (Мт 22:41–45). Вақте мо савол дода ҷавобашро гӯш мекунем, гӯё ба шахс мегӯем: «Ман нисбати ту бепарво нестам» (Яқ 1:19). Ҷавоби шахсро гӯш карда, мо беҳтар мефаҳмем, ки сӯҳбатамонро чӣ тавр давом диҳем.

ВИДЕОНАВОРИ «МАҲОРАТИ ХУДРО БЕҲТАР ГАРДОНДА, АЗ ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН ХУРСАНДӢ ГИРЕД. САВОЛ ДИҲЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Ҷейд кадом хислати хубро нишон дод?

  • Чӣ тавр Нита бо ёрии саволҳо нишон дод, ки нисбати Ҷейд бепарво нест?

  • Чӣ хел Нита ба воситаи саволҳо шавқи Ҷейдро ба хушхабар зиёд кард?

  • Чӣ тавр Нита саволҳоро истифода бурда ба Ҷейд ёрдам дод, ки мулоҳиза кунад?