БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Дӯстонро бохирадона интихоб кунед
Воқеае, ки дар дашти Мӯоб рӯй дод, барои масеҳиён огоҳӣ мебошад (1Қр 10:6, 8, 11). Исроилиёне, ки бо духтарони бадахлоқ ва бутпарасти Мӯоб муошират карданд, ба гуноҳи ҷиддӣ даст заданд. Дар натиҷа онҳо ҳаёти худро аз даст доданд (Ад 25:9). Имрӯз мо бо ҳамкорон, ҳамсинфон, ҳамсоягон, хешу табор ва дигар шиносонамон муошират мекунем, ки Яҳуваро ибодат намекунанд. Чаро гуфтан мумкин аст, ки дӯстӣ бо касоне, ки Яҳуваро намешиносанд, хатарнок аст? Чӣ тавр ин воқеа инро нишон медиҳад?
ВИДЕОНАВОРИ «МИСОЛҲОИ ОГОҲКУНАНДА БАРОИ ХИЗМАТГОРОНИ ИМРӮЗАИ ХУДО (ПОРЧА)»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Зимрӣ ва дигарон кадом фикри нодурустро ба Ямин гуфтанд?
-
Чӣ тавр Финҳос ба Ямин ёрдам кард, ки нуқтаи назари дуруст дошта бошад?
-
Байни муносибати хуб ва дӯстӣ бо касе, ки ҳамимони мо нест, чӣ фарқият вуҷуд дорад?
-
Чаро ҳатто дар ҷамъомад бояд дар интихоби дӯстон бодиққат бошем?
-
Барои чӣ мо набояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо одамони ношинос сӯҳбат кунем?