Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҳама озмоишҳои мо муваққатиянд

Ҳама озмоишҳои мо муваққатиянд

Озмоишҳо моро рӯҳафтода карда метавонанд, хусусан, агар дурудароз давом кунанд. Довуд медонист, ки душвориҳое, ки аз сабаби Шоул пайдо шуда буданд, як рӯз не, як рӯз хотима меёбанд ва ӯ, чи тавре ки Яҳува ваъда дода буд, подшоҳ мешавад (1Пш 16:13). Имони Довуд ба вай кумак кард, ки пурсаброна Яҳуваро интизор шавад.

Дар озмоишҳо мо метавонем ҳушёрӣ ва ақлу фаҳмро ба кор бурда, вазъиятамонро беҳтар кунем (1Пш 21:12–14; Пнм 1:4). Аммо баъзе душвориҳо ҳатто баъди он ки мувофиқи принсипҳои Яҳува амал кардем, нест намешаванд. Дар ин гуна вазъиятҳо мо бояд пурсабриро инкишоф дода, Яҳуваро интизор шавем. Ба наздикӣ Худо тамоми ранҷу азоби моро нест карда, «ҳар ашкро аз чашмон»-амон пок мекунад (Ошк 21:4). Мо аниқ намедонем, ки наҷотамон аз кадом тараф меояд, лекин як чизро аниқ медонем, ки тамоми озмоишҳоямон муваққатиянд. Ин фикр моро тасаллӣ медиҳад.

ВИДЕОНАВОРИ «ХАЛҚИ МУТТАҲИД ДАР ДУНЁИ ПАРОКАНДА»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Бародару хоҳарон дар ҷануби Иёлоти Муттаҳида бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд?

  • Чӣ тавр онҳо пурсабрӣ ва муҳаббат зоҳир карданд?

  • Чӣ ба онҳо ёрдам медод, ки диққаташонро ба чизҳои муҳимтар равона созанд? (Фп 1:10).