ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД
Ба омӯзандагон кумак кунед, ки дӯсти Яҳува шаванд
Яҳува мехоҳад, ки мо аз рӯйи муҳаббат ба ӯ хизмат кунем (Мт 22:37, 38). Маҳз муҳаббат ба Худо ба омӯзандагон қувват медиҳад, ки ҳаёташонро тағйир дода, дар озмоишҳо истодагарӣ кунанд (1Юҳ 5:3). Ғайр аз ин, муҳаббат ба Худо дар дилашон хоҳиши таъмидгириро пайдо мекунад.
Ба омӯзандагонатон ёрдам кунед, ки муҳаббати Яҳуваро ҳис кунанд. Масалан, шумо метавонед ба онҳо чунин саволҳо диҳед: «Ту аз ин дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидӣ ё чӣ тавр ин фикр нишон медиҳад, ки Худо туро дӯст медорад?» Ба омӯзандагон кумак кунед, ки дар ҳаёташон дасти Яҳуваро бинанд (2Вқ 16:9). Аз таҷрибаи худ гӯед, ки чӣ хел Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медод ва онҳоро барангезед, ки ҷавоби дуоҳояшонро пай баранд. Вақте мебинем, ки омӯзандагон муҳаббати Яҳуваро ҳис карда, худашон ҳам муҳаббат зоҳир мекунанду ба ӯ наздик мешаванд, диламон аз шодӣ лабрез мегардад.
ВИДЕОНАВОРИ «БА ОМӮЗАНДАГОНИ ХУД КУМАК КУНЕД, КИ ДӮСТИ ЯҲУВА ШАВАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Ҷейд бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ шуд?
-
Чӣ тавр Нита ба Ҷейд кумак кард?
-
Ҷейд душвориашро чӣ тавр паси сар карда тавонист?