ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД
Ба омӯзандагон кумак кунед, ки бар одатҳои нопок ғолиб оянд
Танҳо касоне, ки ахлоқан поканд, дӯсти Яҳува шуда метавонанд (1Пт 1:14–16). Вақте омӯзандагон бар одати бадашон ғолиб меоянд, ин ба оила, саломатӣ ва вазъи моддиашон таъсири хуб мерасонад.
Ба омӯзандагон фаҳмонед, ки чаро Яҳува меъёрҳои ахлоқиро додааст ва бакорбарии онҳо чӣ манфиат меорад. Ба онҳо кумак кунед, ки тарзи фикррониашонро дигар созанд, он гоҳ онҳо рафторашонро низ дигар карда метавонанд (Эф 4:22–24). Онҳоро дилпур созед, ки бо ёрдами Яҳува метавонанд ҳатто одатҳои куҳнаашонро партоянд (Фп 4:13). Фаҳмонед, ки ҳар гоҳе дар дилашон хоҳиши нодуруст рафтор кардан пайдо шавад, дарҳол аз Яҳува ёрӣ пурсанд. Ба омӯзандагон ёд диҳед, ки вазъиятҳои васвасаангезро пай бурда, аз онҳо дурӣ ҷӯянд. Онҳоро ташвиқ кунед, то ба ҷойи одатҳои бад одатҳои хубро инкишоф диҳанд. Вақте мебинед, ки омӯзандаатон бо ёрдами Яҳува ҳаёташро дигар мекунад, шумо беҳад хурсанд мешавед.
ВИДЕОНАВОРИ «БА ОМӮЗАНДАГОНИ ХУД КУМАК КУНЕД, КИ БАР ОДАТҲОИ НОПОК ҒОЛИБ ОЯНД»-РО МОНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Пирон ва Нита ба Ҷейд чӣ тавр муносибат карданд?
-
Чӣ тавр Нита ба Ҷейд ёрдам дод?
-
Чӣ тавр Ҷейд кумаки Яҳуваро ҷуст?